Ба гузориши шабакаи “Алмаёдин”, неруҳои ишғолгари саҳюнистӣ субҳи имрӯз (ҷумъа) сохтмонҳои маскунӣ дар шарқи шаҳри Рафаҳро бомбаборон карданд. Саҳюнистҳо ҳамчунин манотиқи шимолӣ ва ғарбии урдӯгоҳи Аннасирот дар Ғаззаро низ бомбаборон карданд.
Бар асоси ин гузориш, дар ҷараёни бомбаборони манозили маскунӣ дар минтақаи Абсон, дар шарқи Хон Юнус низ дастикам ҳашт нафар аз аъзои як хонавода ба шаҳодат расиданд, ҳамчунин теъдоде аз як хонавода низ дар минтақаи Алзарқо, дар шимоли Ғазза дар бомбаборони саҳюнистҳо маҷрӯҳ шуданд.Кабинаи ҷанги режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе (6 май) бо вуҷуди мухолифатҳои байналмилалӣ, таҳоҷуми заминӣ ба шаҳри Рафаҳ, воқеъ дар ҷануби борикаи Ғаззаро таъйид ва артиши ин режим аз рӯзи сешанбе бахши фаластинии гузаргоҳи Рафаҳ дар шарқи ин шаҳрро ишғол кард.
342/